Изҳори ҳамдардии Пешвои миллат бинобар марги фоҷиавии Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Алишер Мирзонабот
Субҳи имрӯз 17-уми июн Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, муовини Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Алишер Мирзонабот дар натиҷаи садамаи нақлиётие, ки дар ҳудуди ноҳияи Дарвоз рух дод, ба таври фоҷиавӣ ҳалок гардид.



